БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН АСОСИ ПЕШБУРДИ ЗИНДАГӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант  корҳои фаҳмондадиҳӣ  бо усули “хона ба хона”-ро  доир намуданд.

Масъулин дар суҳбат доир ба  корҳои созандагӣ, ободонӣ, вусъатбахшии раванди кишту кори баҳорӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ ибрози ақида намуда,  қайд карданд, ки дар мавриди пайдо  шудани нишонаҳои аввали бемории (COVID -19) ба одам   муроҷиати саривақтӣ ба  табибони маҳали зист, истеъмоли ғизои солим, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад.  Инчунин, таъкид намуданд, ки гарчанде, ки ин беморӣ дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, вале корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ  дар ин самт  идома дорад. Ҳамзамон, дар суҳбат бо сокинон зарурати  риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, гигиенаи шахсӣ ва дар баробари ин ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ таъкид карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg