БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТУҲФАИ ВАТАНДОРОН БА ИСТИҚБОЛИ 30- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар корҳои сазондагиву бунёдкорӣ вусъати тоза доранд.

Дар ин радиф аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии “Сарқамиш”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон  зиёда аз як километр роҳи оромгоҳи деҳа дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”  бетонпӯш карда шуд.

Дар рафти суҳбат намояндагони ҳизбӣ  иқдоми мардуми маҳалларо шоистаи таҳсин ҳисобида,  роҳи мазкурро туҳфаи арзанда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg