БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ВАТАНАНД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси  ноҳияи Темурмалик бо наврасону ҷавонон вохӯрӣ доир гардид.

Зимни баргузории мулоқот қайд карда шуд, ки ҳадафҳои стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад. Инчунин, дар ин раванд дар бораи  бемории сироятии коронавирус ба ҷамъомадагон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда,  таъкид шуд, ки ҷавонону наврасон насли ояндасози давлату миллат мебошад. Аз ин хотир ҳар яки шуморо зарур аст ба сиҳатии худ ва аҳли ҷомеа диққати ҷиддӣ дода, бо истифода аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ худ ва наздиконатонро аз ин бемории хавфнок эмин нигоҳ доред.

       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg