БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ БА ДАСТ ОВАРДАНИ ҲОСИЛИ ДИЛХОҲ МЕҲНАТИ СОФДИЛОНА МЕБОЯД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “ Меҳргон”-и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  оид ба пешгирии бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Дар  чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  зимни   тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон бо усули “хона ба хона”  таъкид карданд, ки  риояи  гигиенаи шахсӣ, тозагии маҳал, истеъмоли хӯрокҳои ғизоннок ва аз витаминҳо бой ба организми одам  фоидаи калон дошта,  метавонад шахсро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорад. Сипас, дар ин раванд дар бораи  сафарбар кардани  сокинон ба кишту кори баҳорӣ, захираи молу маҳсулоти  кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои  киштавандаю  бекорхобида, ки дар таъмини зиндагии шоистаи  сокинон мусоидат менамояд, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg