ВОКУНИШ. Имрӯзҳо, ки ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии бемории сироятии коронавирус ё (COVID-19) ба ошуфтагӣ овардаасту ҳама мардуми ҷаҳон ба таҳлуқа афтидаанд, аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ аз ин истифода бурда, мардуми шарафмандти тоҷикро, ки дар фазои осоиштагиву сулҳу салоҳ зиндагӣ доранд, ба фитнагариву иғвоандозӣ андохта истодаанду дар сомонаҳои иҷтимоӣи аз ҳар кунҷи олам баромадҳои фитнаангез мекунанд.
Ман ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам дар ин мавзӯъ назари худро гуфта бошам то ин ки, ин иғвоангезонро мардум шиносад.
Ин иғвоангезон ба қавли худашон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пешгирии ин вирус роҳ нишон медиҳанд, ҳоло он, ки аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин бемории сироятӣ тамоми тадбирҳои тиббию прафилактикӣ, барои пешгирӣ аз ҳолатҳои интиқол ёфтани бемории коронавирус ба қаламрави мамлакат андешида шудааст. Иғвоангезон бошад аз ин истифода бурда, ҳар ин тадбирҳои андешидашударо дар қаламрави мамлакат аз они худ карда, дар сомонаҳои худ лоф зада мегӯянд, ки мо роҳ нишон додем ҳукумат кард, магар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани олимону мутахассисон ва коршиносони варзида соҳаи тандурустӣ ба шумо барин хиёнаткорон, ки ҳамеша барои сиёҳ кардани Ватану миллати хеш барои дарёфт кардани пули ҳароме, ки аз тарафи хоҷагонатон мегиред, муҳтоҷ аст? Асло не.
Ҳама барномаҳои ин гурӯҳҳои фитнаангез пеш аз баромадашон тайёр буд, барои пул мардумфиребӣ мекунанд. Ба мардуми тоҷик баён мекунам, ки ин гурӯҳҳо фақат як мақсад доранд, ин ҳам бошад дар байни мардум иғво андохтан асту халос. Ба ин гурӯҳҳои дасисабозон бовар накунед, чунки дар масъалаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ на бояд ба умеди касеву чизе шуд, зеро аз лиҳози маънавию сиёсӣ касе бештар аз худи миллати тоҷик манфиатдор нест, ки хонаи умеди мо-Тоҷикистонро обод кунад ва бузургтарин манфиати миллӣ-Истиқлолияти давлатиамонро ҳифз намояд.
Шомалангова Миҷгона, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи интихоботии №18