Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии ноҳия Аксияи тарғиботӣ ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ташкил карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин Аксия пешгирии паҳншавии коронавируси навъи (COVID -19) буда, аз ҷониби масъулин ба аҳолӣ наздики 90 адад варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки намояндагони ҳизбӣ зимни баргузории чорабинии мазкур шаҳрвандонро хотиррасон карданд, ки хушбахтона, дар Тоҷикистон бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як шахсро зарур аст, то ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳали худ риоя намояд.