БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР НАФАР МЕТАВОНАД ДАР ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ САҲМ ГУЗОРАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шифо» бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади огоҳ сохтани сокинон аз бемориҳои сироятӣ  ва роҳҳои пешгирии он вохӯрӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроия Ватанзода Саидҷаъфар махсусан дар суҳбат қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз воридшавии ин беморӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст. Муваққатан манъ шудани рафтуомад ба давлатҳое, ки нишонаҳои ин беморӣ дар онҳо ба қайд гирифта шудааст, ба Тоҷикистон овардани шаҳрвандони дар фурӯдгоҳҳо дармонда ва муҳлати 14 шабонарӯз таҳти назорати табибон қарор гирифтани онҳо, инчунин барои ҳар эҳтимол омода кардани беморхонаҳо ва дар ҳолати омодабош қарор доштани онҳо аз тадбирҳое мебошанд, ки танҳо ва махсусан барои пешгирии ин беморӣ андешида шудаанд.

Аз ин рӯ барои ҳар нафар, сокини мамлакат муҳимтар аз ҳама ором нигоҳ доштани фазои оилаи худ ва дуруст риоя кардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ мебошад, ки ҳар замон тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар тавсияҳо дода мешаванд.

Дар охир ба иштирокдорон маводҳои иттилоотӣ дастрас гардида, иҷрои ҳатмии ҳамаи нишондодҳои он таъкид карда шуд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg