
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи амалишавии Аксияи хизбии "Якљоя ҳал мекунем!” раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳимидиён Орзу ба деҳаи Хӯчархии ҷамоати деҳоти Даҳана ташриф оварда, ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва рафти корҳои ободонӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст, ошноӣ пайдо намуд.
Зимни боздид Ҳамидиён Орзу бо ҳозирин қайд намуд, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар заминҳои бекорхобида обёрӣ гардидаанд.
Дар майдони 1 га замин ангур ва дар заминҳои боқимондаи боғ навъҳои беҳтарини дарахтони мевадиҳанда, зардолу, нок, олу ва дигар меваҷот парвариш мекунанд. Зимни шиносоӣ бо вазъи боғу токзор дар ин деҳа Ҳамидиён Орзу коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ва нигоҳубини хуби дарахтон ҳидоят кард.