БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти  бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Меҳнатобод”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ вохӯрӣ бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 гузаронида шуд.

Дар ин мулоқот Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва самтҳои афзалиятноки Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тољикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки  роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg