
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси вакили тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён Бедимоғов Давлатёр дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ба истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ зиёда аз 500 метр роҳи деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти мазкур асфалтпӯш карда шуд. Чунин иқдоми ватандӯстона аз ҷониби сокинон дастгирии ҳамаҷониба ёфта, онҳо миннатдории хешро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ изҳор доштанд