БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ БОХТАР, ДАЪВАТИ ШАШУМ ДОИР ГАРДИД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, даъвати шашум доир гардид. Дар кори иҷлосия вакилони тозаинтихобшуда, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим,  намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, кормандони Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокиммияти давлати шаҳри Бохтар ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доштанд. Пас аз тасдиқи ваколати вакилон, онҳо даст болои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта, барои содиқона хизмат намудан ба Ватан –Модар ва халқи тоҷик савганд ёд карданд. Сипас, ба вакилон шаҳодатномаҳои вакилӣ супорида шуда, дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар рафти иҷлосия раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ва раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбар Қосим ба сухан баромада, вакилони тозаинтихобро барои сазовор гардиданаш ба боварии мардум ва ноил гаштанашон ба унвонии вакили мардумӣ табрику таҳният гуфта, барору комёбӣ дар фаъолияти вакилиашон таманно карданд.  Сипас, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар доир гардида,  дар он масъалаҳои интихоби раис ва муовинони раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар, тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ карда шуданд. Мувофиқи қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Саидмуминов Аҳлиддин раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар шаҳр ва муовинонаш  Насруллоева Шаҳло ва Сафаров Тоҷиддин  интихоб гардиданд. Иброҳимзода Неъматулло вакилонро ба интихоб гардиданашон ба ин мансаб табрику муборакбод гуфта, азонҳо даъват ба амал овард, ки барои иҷрои вазифаҳои дар назди гурӯҳи вакилии ҳизбӣ гузошташуда бетараф набошанд ва ҳамеша барои ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд. Бо қабули дигар қарорҳои дахлдор маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg