БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ ВА МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ ВАКИЛОНИ ҲХДТ ДАР МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ҲАЁТИ ҲИЗБ БАРРАСӢ ШУДАНД

 КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб маҷлиси  васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки дар кори маҷлис вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ҳузур доштанд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроия Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, ҳамаи он нафаронеро, ки ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр дар интихоботи парлумонӣ интихоб шуданд, табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти   вакилиашон барору комёбиҳоро таманно намуд.Дар кори маҷлис 2 масъала барои баррасӣ пешниҳод гардид. Ворид намудани тағйирот дар ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва таъсис додани гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб.

Зимни баррасии масъалаҳои  рӯзномаи маҷлис ба ҳайати Раёсат ва Кумитаи иҷроия тағйирот ворид гардида, инчунин, дар идома Ҳамидиён Орзу  қайд кард, ки  пас аз эълони натиҷаҳои  интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи  19  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ” ва банди 5-1-и Оинномаи ҲХДТ Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб метавонад гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлобро ташкил намояд. Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроия қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Ҳамзамон бо истифода аз ҳузури 31 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, нахустин маҷлиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, тибқи рӯзномаи маҷлис чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт: Интихоби раиси гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, интихоби муовинони он, тасдиқи нақшаи корӣ ва масъалаҳо ҷорӣ. Тибқи  талаботҳои Оинномаи  ҲХДТ ба вазифаи раиси гурӯҳи вакилии  ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб номзадии Исмоилзода Саидмурод ва ба ҳайси муовинонаш Даминова Арафамо ва Назаров Ҳотам пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд.

Инчунин, нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб барои соли 2020 тасдиқ шуда, дар доираи он вазифаҳои аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ муайяну мушаххас гардиданд.

Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис масъалаи Амалиёти (Аксияи) сайёҳию омӯзиши ҳизбӣ «Сайри Ватан мекунем!» баррасӣ гардида, ин иқдом аз ҷониби вакилон қобили дастгирӣ арзёбӣ шуд.

Дар ҳамин замина вобаста ба масъалаҳои баррасишавандаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg