БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРӮЗ ҶАШНИ НИЁГОН АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади истиқболи ҷашни аҷдодии миллат  Наврӯзи  байналмилалӣ дар ташкилоти ибтидоии “Чироғчӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аслан занону бонувон иштирок дошта, роҷеъ ба татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, риояи фарҳанги миллӣ, роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҷашни ниёгон аст ва 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша карда шуд.

Вохӯрии судманд аз ҷониби сокинон  якдилона дастгирӣ ёфта, чанде аз онҳо зикр карданд, ки баҳри ободии Ватан, таъмини зиндагии шоистаи хеш талош меварзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg