
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ҷамъомад баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар, истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат андешаронӣ карда шуда, сокинон барои иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят гардиданд.