БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: МИЛЛАТ СОЛИМ БОШАД, ДАВЛАТ УСТУВОР МЕМОНАД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иқдоми вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Майдагул Шарифова дар деҳаи Баҳодурони Ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант дар доираи Аксияи ҳизбии «ҲХДТ муттаҳид месозад!»  корвони саломатӣ ташкил карда шуд, ки 16 нафар табибони баландихтисоси Беморхонаи клиникии ба номи Бӯрӣ Воҳидов муддати  6 соат ба мардум хизмати ройгони тиббӣ расониданд. Дар ин рӯз духтурони бемориҳои қалб, асаб, ғадудшинос, амрози даруна, кӯдакона, ҷарроҳи калонсолон, ҷарроҳи  кӯдакона, табибони момодоягӣ, гӯшу бинӣ, сабти барқии дил, ултрасадои занона, ултрасадои амрози даруна ҳузур доштанд, ки ба зиёда аз 400 нафар сокинон хизмати  тиббӣ расониданд.

Аз иқдоми неки ҳизбиён  сокинон  руҳу илҳоми тоза гирифта, чанде аз онҳо дар суҳбат бо намояндагони ҳизбӣ  ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg