БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ҲАМА ҲОЛАТ ДАР ПАҲЛӮИ МАРДУМ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла, кормандони масъули ҳизбӣ  дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  ба ҳашари соҳилмустаҳкамкунӣ баромаданд. Барои пешгирӣ намудани маҷрои обӣ дарё, ки хавфи баланд шуданро дорад, ба ҳамин хотир бештари сокинон ба ин ҳашари умумӣ ҷалб карда шуданд. Ҳангоми сатҳи оби дарё зиёд шудан хавфи ба вуҷуд омадани сел ба миён меояду он хонаҳои истиқоматие, ки дар гирду атрофи дарё мавҷуданд, шӯсташавии заминҳо ва манзилҳои зист аз эҳтимол дур нест. Иштирокдорони ҳашар барои симтурбандӣ намудан сангҳои калонро ба воситаи нақлиёти боркашон кашонида, дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати  шаҳраки Бохтариён корҳои симтурхобониро ба анҷом расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg