
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии «Авранг» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карданд.
Дар ҷамъомад масъулини ҳизбӣ иброз намуданд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд,ки то фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.
Ҳамчунин дар сатри дигар Пешвои миллат ёдрас шуданд, ки “Мо бояд дар оянда низ ба таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.”