
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи модар ба аёдати собиқадори ҳизбу меҳнат, собиқ корманди Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Сабоҳат Неъматуллоева рафта, аз ҳолу аҳволи модари меҳнатдӯст хабардор шуда, бо суханҳои табрикотӣ ба ӯ кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд. Сабоҳат Неъматуллоева аз сиёсати Роҳбари давлат ва иқдоми кормандони ҳизб рӯҳбаланд гардида, сипосу миннатдории хешро баён кард.