
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ доир гардид.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки Паёми имсола ва Барномаи ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, зикр карданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо вуҷуди ин, мо бояд суръати ободонӣ ва бунёдкориро боз ҳам вусъат бахшем, мушкилоти ҷойдоштаро бартараф созем ва барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва тақвияти омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоем.