БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОДАР САРЧАШМАИ ЗИНДАГИСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин бахшида ба Рӯзи модар чорабинии идона  баргузор карда шуд.

Роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  зимни суханронӣ занону бонувонро ба рӯзи идашон шодбош гуфта, қайд кард, ки  саҳми занону бонувон дар рушду нумуи кишвар ва мақому манзалати онҳо дар ҷомеаи  шаҳрвандии Тоҷикистони соҳибистиқлол, инчунин дар таҳкими давлатдориву давлатсозӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд арзёбӣ карда шудааст ва занону бонувони мо дар қатори мардон дар вазифаҳои роҳбарикунандаву  пурмасъулияти хоҷагии халқ кору фаъолияти пурсамар доранд.

Дар қисмати интиҳоии чорабинӣ якчанд фаъолзанону модарон бо туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроия сарфароз гардонида  шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg