БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАҲРАМОНИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумори кишварҳоест, ки дар як давраи начандон тӯлонӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти комил дар арсаи байналмилалӣ обруву эътибор пайдо карда, мавқеи хешро дар арсаи байналхалқӣ устувор ва муайян намудааст.

          Ваҳдат неъмати нодир барои мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Cулҳ ва ваҳдати миллӣ бебаҳотарин сарват аст. Озодӣ ноёбтарин неъмати инсонӣ, нишони барҷастаи симо, кафолати рушду пешравӣ асоситарин шароити бақои ҳастии миллат, давлат ва ваҳдати он мебошад. Ваҳдат ва созгорорӣ воситаи асосии нашъунамои ҳар миллат ва давлат аст.

 

           Боиси ифтихору сарбаландии мост, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, дар тараққиёту инкишофи минбаъда пойдор шудани  Ваҳдат нақши калон бозид. Чуноне Президенти кишвар зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар таъкид намуда буданд, сулҳи мо бо осони ба даст наомадааст. Мо хатари парокандагии миллат аз харитаи дунё нестшудани давлат ва фоҷиаҳои даҳшатбору сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардем.

 

         Насли имрӯзу фардо ба қадри ваҳдат он вақт мерасад, ки маънии онро на танҳо ба хуби дарк намояд, балки эҳсос кунад, ки арзиши ваҳдат аз тилло ҳам қимматар буда барои кулли сокинони сайёра чун обу ҳаво зарур аст. Барои миллати тоҷик низ ҳамчунин. Сулҳ пирӯз шуду ваҳдат ғолиб омад. Ишқи Ватан боло гирифту  мо даст ба даст пайи ҳам додем. Роҳ ба сӯи ватансозию ватандорӣ дар пеши  назарамон чун оянда равшан гардид. Мардуми сарбаланди тоҷик хуб дарк намуд, ки танҳо бо қувваи худ мо имкон дорем, ки Ватан бунёд кунем. Тоҷики давлатдору сулҳпарвар ғояи ваҳдати миллиро дар ҷои аввал гузошт.

 

        Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карданд, ки арзиши  муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди  Истиқлолияти давлатӣ бешубҳа, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Мо шоҳидем, ки дар баъзе аз кишварҳои дунё то ҳол ҷанг тамом нашудааст. Масалан дар Сурия Ироқ, Афғонистон  ва  ғайра.  Замоне расидааст, ки мо фарзандони миллат ҳар чӣ бештар яктану якдил муттаҳид шавему баҳри  боз ҳам қавитар гардонидани ваҳдати миллӣ ва  ободии  Ватан  ва пешрафти ҷомеа кӯшишу талоши пайгирона кунем. Ваҳдати миллӣ яке аз воқеаҳои фараҳбахшест, ки эҳсоси худшиносиву ватанпарастӣ, сулҳпарварӣ, меҳру муҳаббатро  ба  миллат бедор  намуда, масъулиятро барои ҳифзии истиқлолият ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон – ватани ягонаи мо бештар мегардонад. Шукрона, ки дар Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату  ягонагӣ пойдор аст. Хушбахтона имрӯз ворисони мардуми ориётабор баҳри пойдории сулҳу ваҳдат бо азму талош саъй мекунад, ки дар ҷаҳон сулҳ пойдор бимонад зеро, оромии минтақаҳои гуногун оромии ҷаҳонро нигоҳ медорад.

                       Агар Ваҳдат набошад нест миллат,

                       Агар Ваҳдат набошад нест давлат.

                       Агар Ваҳдат набошад нест номус,

                       НаҷотиТоҷикистон аст Ваҳдат.

Яке аз масъалаҳои  муҳимтарине, ки нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ муқаррар карда метавонад, ин қутрати ҳимоявӣ ва техникии Артиши миллӣ мебошад. Чуноне ки  Президенти мамлакат таъкид кардаанд: «Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст. Вазифаи асосии он таъмини амнияти Ватан, сулҳу субот дар кишвар ва тамомияти арзии он мебошад. Эътимоди халқ бояд комил бошад, ки Артиши миллӣ ба ҳифзи истиқлолият ва амнияти мамлакатамон пурра қодир аст». Суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳёи рӯҳияи миллӣ, таҳкими Истиқлолият, тарбияи худогоҳӣ ва худшиносиро ба пуррагӣ фарогир аст. Президенти кишвар аз рӯзҳои нахустини фаъолият таклиф менамуд, ки ҷавонони миллати тоҷик муттаҳид бошанд.  

  Ба ақидаи ман хизмати Модар-Ватан барои ҳар як ҷавони  кишвар қарз  аст. Баъзе аз ҷавонони мо аз хизмати  Модар- Ватан саркашӣ мекунанд, вале кори онҳо нодуруст аст, чунки хизмати Модар- Ватан қарзи ҷонии мост. Таъсисиёбии Артиши миллӣ масъулияти ҷавононро дар назди мардуми кишвар дучанд гардонд ва дар навбати худ Ватан ба насли ҷавон эътимод дошт ва дорад. Гузашти таърих собит кард, ки ҷавони диёри мо қодиранд мушкилтарин озмоиши қисматро дар роҳи ҳимояи хоки аҷдоди худ ва устувории пояҳои давлати  тозаистиқлол аз сар гузаронанд ва барои дигарон намунаи ибрат бошанд.

   Барои ҳар як фарзанди миллат ва ватандори асилу ҳақиқӣ хизмати модар - Ватан ҳам қарзи фарзандиву ҳам фарз аст. Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Анҷумани I Ҷавонони Тоҷикистон моҳи марти соли 1994 бо таассуф аз мушкилоти дар ин самт вуҷуддошта изҳор доштанд; «Сад афсӯс, ки як қабил ҷавонон аз хизмати Ватан бо баҳонаҳои гуногун рӯ метобанд, ҷои хизматро худсарона тарк мекунанд. Ба номи ҷавонмарди тоҷик иснод меоранд».

Омӯзиши таърихи таъсисёбӣ ва рушду тараққии Артиши миллиамон собит мекунад, ки он марҳилаи душворро аз сар гузаронидааст. Артиши миллии Тоҷикистон аз собиқ Давлати Шӯравӣ мероси казоие нагирифтааст ва бар замми ин дар ибтидо барои идораи ҷузъу томҳои он на афсар мерасиду на аскар. Дар ҳақиқат ҳодисаҳои номатлуби ибтидои солҳои навадуми қарни гузашта боиси дилсардии ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ гашта буд ва бархе аз ҷавонон аз адои қарз саркашӣ ҳам мекарданд. Устуворию мавқеъшиносии сиёсат боиси он гашт, ки ин амали номатлуб аз байн равад ва нигоҳи ҷавонон дар роҳи хизмат кардан дигаргун шавад.    Ба гуфти Сардори давлат «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин обутоби ҳаёт хизмат ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин xо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва садиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Муҳофизати Ватан муҳофизати обу хоки муқаддаси бобокалонҳои мост. Касе, ки аз хизмати Ватан саркашӣ мекунанд аз хизмати падару модар, аз эҳтироми хоҳару бародари худ саркашӣ мекунад. Даъват ба хизмати ҳарбӣ бояд ид бошад» .
 

 Баробари соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриамон бисёр санаду ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ташкилу ташаккули Артиши миллӣ ба имзо расида буданд. Фишорҳои дохилию хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонд. Маҳз дар чунин шароити мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ирӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии  дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд мукамал гардидааст.Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ки ҳифзи Ватан ҳимояи манфиятҳои давлат таҳкими Истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муққадаси ҳар як шаҳрванд аст. Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Мо ҷавонони Тоҷикистон, ки масъулияти эминию озодӣ ва тақдири ояндаи мамлакату миллатамонро ба души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша ба кору фаъолияти нек ҳидоят намоем.

 

 Хулоса чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон иброз доштанд: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон, ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо фахр мекунем». Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба артиши миллӣ такя мекунад.

 

Ибронзода Фарзона – узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg