БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР АМАЛ ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЛЕВАКАНТ.Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Бо иштироки намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар маҳаллаи Обшорон  бо мақсади амалӣ намудани Аксия ҳизбии «Якҷоя хал мекунем!» ба истиқболи сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд.

Дар қисмати амалии чорабинӣ сокинон  бо рӯҳбаландӣ,  миннатдории бепоён аз дастгириҳо ва ғамхориҳои Роҳбари давлат ва шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар   дар таъмири роҳҳои маҳаллаи навбунёд, ки  таъмирталаб буданду ба рафту омади одамон монеъа эҷод мекард, машғул шуда, ба воситаи техникаҳои пуриқтидори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр роҳҳоро тахту ҳамвор намуданд. Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, масъулин доир ба дастовардҳои 28-соли Истиқлолияти давлатӣ, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи хизмати ҳарбӣ ва дуруст ба роҳ мондани амалҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии деҳот суханронӣ намуда, аз иштирокчиёни Аксияи ҳизбӣ барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg