
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо сокинони деҳаҳои Халқаҷаҳр, Дустӣ ва Шоҳини Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳия иштирок дошта, доир ба самтҳои афзалиятноки Барномаи ҲХДТ ҳарф зада, қайд кард, ки рисолат ва мазмуну моҳияти Барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Сипас, мавсуф аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошанд.