БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ТАТБИҚКУНАНДАИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки   дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ намуда буданд,   дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён   суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Сайёра” хониши сиёсӣ доир гардида, дар он намояндагони ҳизбӣ дар бораи нақши ҷавонон дар ҷомеаи муосир андешаронӣ  суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Насли ҷавони кишвар бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакатро дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ баръало мушоҳида карда мешавад. Инчунин, сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg