БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИҲИШТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ...

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори  Рӯзи модар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолзанони соҳаи тандурустӣ дар толори Беморхонаи марказии ноҳия чорабинии идона  доир гардид.

Дар оғози сухан роҳбарияти Кумитаи иҷроия занону модарони гиромиқадрро ба Рӯзи модар табрику шодбош гуфта, зикр намуд, ки зан олиҳаи ҳусн, модар сарчашмаи ҳаёт, офарандаи насли башар аст. Беҳуда нест, ки бузургони олам назди модар сари таъзим фуруд овардаву дар васфаш шеъру суруду таронаҳо эҷод кардаанд.

Сипас, дар навбати худ  чанде аз занону бонувон фикру андешаҳои хешро вобаста ба қадру манзалати зан-модар, нақши онҳо дар ҷомеаи имрӯза баён дошта, миннатдории худро аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дар охир фаъолзанон бо туҳфаҳои  таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg