БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХАЛҚ ДОВАРИ ҲАҚ АСТ

АНДЕША. Вақте, ки шахс вориди сомонаи АХБОР. СОМ мегардад, аввалин чизе, ки ба чашм аён мегардад, мақолаи охиринашон бо расми Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар интихобот ҳамчун як шахси овоздиҳанда ширкат намуда истодааст.  Мақолаи мазкур пурра дорои ғараз ва ё мухолифат аст, ки аз ҷониби бадхоҳони миллат ва ё ҳасудон рӯйи чоп омадааст. Пас месазад, ки  ин навиштаи Ахбор.сом-ро ҳасуди ба пешравии Тоҷикистон ва шаффоф баргузор гаштани интихобот арзёбӣ намуд.

Интихобот василаи интихоб ва иштироки халқ дар интихоби ояндаи босаодати давлату миллат мебошад, ки аз иштироки фаъолонаи мо мардуми тамаддунофару сарбаланди Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сиёсиест, ки 25 сол қабл бо мақсади  хомӯш намудани ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор сохтани сулҳу субот ба майдони сиёсат ворид гардида, дар зарфи 25 сол собит сохт, ки  метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.

Баргузории интихоботи нави вакилони халқ дар Тоҷикистон муҳимтарин чорабинии сиёсӣ ва рӯзи таърихиеро мемонд, ки мардуми сарбаланду тамаддунофараш якдилонаву сарҷамъона бо як рӯҳияи болидаву туёна ба интихобот рафта, номзадҳои арзандаи хеш ва ё ҳизби сиёсии дилхоҳи худро интихоб мекарданд.

Ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар ва занону бонувони озодакору қавииродаи миллат ин рӯзро беандоза интизорӣ мекашиданд.

  Натиҷаи овозгирии ҳизбҳои сиёсӣ  худ маълум ва маъмул аст. Дар урфият мегӯяд, ки “Дар баҳор ҳарчӣ, ки коштӣ дар тирамоҳ ҳамонро медаравӣ...” ҲСДТ, ки худ даъвои курсӣ дар парлумони кишварро дораду имрӯз миёни мардуми осоишта иғво меандозаду ҳазорон мафкураи носолимро олудаи ҳиллаву найрангашон мекунанд, бояд фаромӯш насозанд, ки асоси ҳастии ҳар як ҳизби сиёсӣ ин иродаи халқ аст ва пирӯзӣ аз он ҳизбе мешавад, ки воқеан эътимоди халқро ба даст оварда бошад.

Сафсатаҳои барномаи Ахбор.сом маълум аст, ки ин ҳама дасисааст. Агар ин барнома ба ҷойе ва ё касе лозим мебуд, ҳатман бо забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои русиву англисӣ нашр мегардид. Зимнан рафти баргузории интихоботи нави вакилони халқро дар Тоҷикистон зиёда аз 100 нозирони байналмилалӣ мушоҳида намуда, баҳои баланд доданд.

Ҳар рӯзи Худо барои ҳар як соҳибватан бояд ид ва рӯзи хурсандиву сурур бошад, на боиси нигарониву иғво андохтан.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ ҳизби халқ аст ва барои ба ин рӯзи саид расидани мардуми азияткашидаву ҷангзадаи тоҷик хизмати шоиста кардааст ва месазад, ки овози аз ҳама боло ва ҷойгоҳи баланд насиби ӯ бошад.

ҲСДТ барои мо аъзову ҷонибдорони ҲХДТ танҳо рақиби сиёсӣ мебошаду халос ва месазад, ки аз бузургиву шаҳомат ва қудрату халқӣ будани ҲХДТ воқиф гардад ва эътироф созад, ки эътимоди халқ аст, кафолати ҳамаи пирӯзиҳо...

 

Саёҳат Абдуллоева,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg