
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин дар бораи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи ҲХДТ, эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,ки он масъалаҳои муҳими ҷомеаро дар бар мегирад, суханронӣ намуда, азҳамагон даъват ба амал оварданд, мо шаҳрвандони худогоҳро зарур аст, ки дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи дурахшони давлату миллат нигаронида шудааст, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем ва бо дастовардҳои назаррас ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор пешвоз гирем.