БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ИН ВАТАНӢ, БИДОН, КИ СОҲИБВАТАНӢ

Мо мардуми Тоҷикистон бояд соҳибватанони асил бошему нагузорем, ки ҳеҷ як ташкилот ва ё шахси алоҳида бо иғвову дасисаҳо авзои ҷомеаи моро халалдор намоянд, зеро ки мо насли калонсол хуб дар ёд дорем,  ду даҳсолаи пеш Тоҷикистони мо дар чӣ вазъият қарор дошт. Мо ватанро аз сифр бунёд сохтем. Имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхори кулли тоҷикистонӣ ва тоҷикони ҷаҳон аст. Баргардонидани  як миллион нафар гурезаҳо аз хоки давлати Авғонистон, 84 нафар  ноболиғ аз маҳбасҳои давлати Ироқ, 48 нафар донишҷӯ аз давлати Чин баҳри пешгирии бемории хатарноки аср “Каронавирус” ин барои мо  мардуми Тоҷикистон нишона аз доштани пушту паноҳ нест?

Пас чаро бархе аз мардуми мо дидаву дониста ба мабаъҳои ғайр муроҷиат карда, умедворӣ ҳалли мушкилоташон мешаванд. Мушкилкушои ҳар як инсон аввал Худо ва пас худи шахс аст, инро бояд фаромӯш насозем.

Роҳбари террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ чун ҳамешагӣ тавассути ҳилаву найранг мехост мавқеи худ ва тарафдоронашро муайян сохта, раванди интихоботи кишварро халалдор созад ва бо суханҳои бофтаю сохтааш аз тариқи радиои Озодӣ баромадҳо низ кард.

Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш барои расидан ба хостаҳои хеш аз ҳар роҳу васила истифода намуда, ҳаргиз аз риёкорӣ ва дуруғу фитна гуфтан худро канора намегиранд. Шахсеро, ки Худованд аз ӯ имонашро мегирад ба ҳар кор қодир аст. Аз ҷониби дигар радиои Озодӣ низ бояд ба чунин ашхос то ин  ҳад минбар надиҳад ва ҷои шубҳа нест, ки агар кори расонаҳои хабарӣ чунин сурат бигирад ба нооромӣ, вайроншавии авзои ҷомеа оварда мерасонад.  

Кабирӣ як шахсияти беимон аст, зеро ки имондори асил ҳеҷ гоҳ ватанашро намефӯрушад. Дар ҳадиси муборак низ омадааст, ки “Ватандорӣ як гӯшаи имондорист”. Пас мезадад, ки дӯстдорӣ ин Ватан ва ин сарзамини биҳиштосо бошем, ки номаш Тоҷикистон аст.

Саёҳат Абдуллоева-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg