БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Интихоботи шаффофу демократӣ ба хотири рушду ободии мамлакат ва осоиши наслҳои оянда мебошад

АНДЕША.Мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.

   Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.

   Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи  навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.

  Интихоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва Ҷамоатҳо ҳуқуқи  интихобкунандагон мебошад.

   “Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намоянд” -  иброз доштанд дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

   Мувофиқи талаботи қонунҳои амалкунанда ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асоси пешбари намудани номзадҳо ба вакили мебошанд, инчунин шаҳрвандони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳиб шудан ба мандати вакилӣ талош мекунанд, вазифадоранд, ки фаъолияти худро танҳо дар чоҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳо амали намоянд. 

   Президенти мамлакат дар Паёми имсолаашон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон  даъват ба амал оварданд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош намоянд, то ин ки чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.

     Интихоботе, ки имсол рӯзи 1-уми марти соли 2020  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд дар ҳақиқат интихоботи озод, шаффофу демократӣ ба ҳисоб меравад.   Мувофиқи баромади раиси комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҳизбҳои сиёсӣ ба тариқи зайл овоз гирифтанд:

  1. Ҳизби Аграрии Тоҷикистон 16,5% овозҳо, 4 мандати вакилӣ.
  2.  Ҳизби Демократи Тоҷикистон 5,10% як мандати вакилӣ.
  3.  Ҳизби Ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61%, 4 мандати вакилӣ.
  4.  Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон 5, 10%, 1 мандати вакилӣ.
  5.  Ҳизби Сотсиал -Демократи Тоҷикистон 0,32%.
  6.  Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон 3,11. %
  7.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 50,40%, 12 мандати вакилӣ.

 Дар умум дар интихобот 86,4% шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. 

  Мо фикр мекунем, ки интихоботи имсола дар ҳақиқат озод, шаффоф ва демократӣ гузашт. Ягон сол дар ягон интихобот ҳизбҳои сиёсӣ инхел фаъол иштирок накарда буданд.  Тасдиқи ин гуфтаҳои боло он аст, ки дар интихоботи имсола 4 ҳизб соҳиби 10 мандати вакилӣ гаштанд.

  Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои як мандати вакили 4  нафар номзадҳо  рақобат карданд, ки инҳо худпешбар аз ҲХДТ Гадоев Исмоил, Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович, ки онро Конференсияи 21 ҲХДТ дар ноҳия пешбари карда буд, Зиё Раҳмон, ки аз ҲАТ пешбарӣ гардида буд ва Ҷиёнов Абдулҳаким, ки онро ҲИИТ пешбари карда буд.

   Дар ҳақиқат далелҳои боло исботи онанд, ки интихобот шаффоф, озод ва ҷавобгӯ ба стандартҳои интихоботи демократӣ   гузаронида шудааст. Фароҳам овардани шароити муносиб барои интихобкунандагонро ба назар гирифта, участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шуда буданд. Комиссияҳои участкавии интихобот интихоботро дар асоси қонуни Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва маҷлисҳои вакилони халқ баргузор намуданд.  Барои мандати вакилиро соҳиб шудан, бо халқ будан ва ба халқ хизмат кардан лозим аст.  

 

 

 Раиси Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар

 ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ              Ғаффорзода Давлатҷон     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg