БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОНИ  БО НОМЗАД СУҲБАТИ САМИМӢ НАМУДАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ  вохӯрии номзади пешниҳоднамуда аз ҲХДТ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37  Шарифҷон Ҳакимзода бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои ибтидои  ва   интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин  вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, ректори ДДК Мирализода Абдусалом Мустафо, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб    ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.

Пас аз муаррифии номзад аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор  Ҳакимзода Шариф Саидович ба сухан баромада, бобати барномаи ешазинтихоботии хеш, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад, ба саҳми ҳозирин расонида шуд.

Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро  ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg