БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович дар ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб" бо иштироки васеи интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Ҳамзамон дар мулоқот  раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, шахсони боэътимоди шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва саромӯзгори ДДК Шоинов Ҳасан иштирок ва баромад намуданд.

Зимни мулоқот шахсони боэъдимод номзадро муаррифи намуданд. Инчунин, номзади мазкур дар доираи Барномаи пешазинтихоботии худ баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳамеша нерӯи худро ба хизмати халқу Ватан равона месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg