БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАЛАСАИ ЧОРУМИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ ВА НОМЗАДҲОИ ОН ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БАРГУЗОР ШУД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ситоди навбатии пешазинтихоботӣ ҲХДТ ва номзадҳои он дар ноҳия, таҳти роҳбарии раиси Ситод Абдусаломзода Мунаввар  барпо гардид.

Мавсуф зимни суҳбат  қайд кард, ки мо бояд аъзои Ситод корро тавре ба роҳ монем, ки барои гурӯҳҳои бегона ҷой намонад. Масъулияте, ки бар дӯш дорем, бояд сарбаландона иҷро карда тавонем ва пеш аз ҳама ба боварии мардум сазовор бошем. Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олиро миёни мардум дуруст роҳандозӣ кунем. Бояд тазаккур дод, ки дар Ситод аъзои ситод, ҳайати гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия ва нозирони миллӣ, кормандони ҳизбӣ фаъолона ширкат варзиданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg