БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ОВОЗ МЕДИҲАМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Кӯдакистони  №6" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот дар партави Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир гардид.

Зимни суҳбати худ намояндагони  ҳизбӣ қайд карданд, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ  Пешвои миллат қайд намуданд:  “Мардуми мо дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ минбаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд”.

Дар охир иштирокчиёни маҷлис ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg