БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕВШОИ МИЛЛАТ: “МАН ҲЕҶ ВАҚТ ЯГОН ЯТИМИ КУЛЛРО ДАР НИМАРОҲ НАМЕМОНАМ, МЕОМӮЗОНАМ, ТАРБИЯ МЕКУНАМ ВА БА ҲАЁТИ МУСТАҚИЛОНА ГУСЕЛ МЕНАМОЯМ!”

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Парастор" суҳбату вохӯрӣ вобаста ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ ва муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони "Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум" бо омӯзгорону  интихобкунандагони ҷавон  бо иштироки масъулини ҳизбӣ  мулоқот  баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, аз  дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтааст: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям".

Дар охир иштирокдорони маҷлис, бахусус, интихобкунандагони ҷавон ба сухан баромада, изҳор доштанд, ки дар баробари ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати мо ятимон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва мо бояд ҷавобан ба ин дастгириҳои пайвастаашон дар рушду нумуми Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол саҳмгузорӣ намоем.

        

        

        

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg