БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТ!

АНДЕША. Ҳукумат ба ҷавонон  ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созанда ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва техналогияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Ҳамзамон  дар Паёмашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштан : «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, яъне ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масълаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад ».

     ҲХДТ «Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон » - ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб дониста, тавсия бахшида, дар роҳи расидан  ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад. Дар  ин раванд бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида,  эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда  ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд. Рушди варзиш яке аз самтҳои фаъолияти ҷавонон ва ҳамчун василаи шоистаи муарифгари миллату кишвар дар олам  маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ  ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ менамояд ва барои ҷалби сармояи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад. Мо ҷавононро месазад дар баробари ғамғхориҳои Сарвари Давлат, ки  барои мо ҷавонон тамоми шароитҳои муосирро муҳайё намудаанд, ҳарчи бештар талош кунем ва ба натиҷаҳои хуб сазовор бошем, то муаррифгари Ватанӣ маҳбубамон гардем ва баҳри ободиву зебогии он саҳмгузор бошем.

Юсупов Саидқурбон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg