БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ БА ТАЪМИНИ ШУҒЛИ ПУРМАҲСУЛИ ЗАНОНУ ҶАВОНОН МУСОИДАТ МЕНАМОЯД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилотҳои  ибтидоии “Навобод”, “Роҳи Ленин”  ва “Ифтихор”-и  ҳудуди Ҷамоати деҳоти  Ифтихор ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, расонидани  муҳтавои Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  суҳбату вохӯриҳо баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин аз масъалаҳои дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ овардашуда  ҳарф зада, барои беҳтар намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, роҳҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар, таҳия ва татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, инчунин барои бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин боиси тазаккур аст, ки Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни ироаи Паёмашон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудааст. Вобаста ба ин иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Ифтихор бештар занону духтарони хонашин ба ин шуғл ҷалб гардида, ба омӯзиши ҳунарҳои дӯзандагӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ ва дигар ҳунарҳои қадимаи мардумӣ фаро гирифта шудаанд. Мардуми шарифи кишварамон ин дастуру ҳидоятҳои Роҳбари  давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо як руҳияи баланд пазируфта ҳунарҳои мардумиро дар деҳаву маҳаллаҳояшон аз нав эҳё намуда  истодаанд.  Инчунин   дар чорабинии мазкур мардуми  деҳаҳои болозикр ҳунарҳои дастии худ, ба монанди чакан, даврӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва  қуроқиро ба намоиш  гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg