БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ҲХДТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ НАЗАРРАС АСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва номзади ҲХДТ ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло аз ҳавзаи якмандатаи № 28-и ноҳия, инчунин  номзадҳо ба вакили Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вобаста ба ҳудуди ҳавзаҳои интихоботиашон бо интихобкунандагон бо сокинони деҳаи Кӯҳдомани Ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд.

Дар вохӯрии мазкур мавсуф ҳозиринро бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шинос намуда, аз амалӣ гардидани ҳадафҳо ва Барномаи ҲХДТ дар солҳои қаблӣ ва саҳми арзандаи  Роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат аз эъмори сохтори конститутсионии давлати соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз аввали таъсисёбии ҳизб то имрӯз ёдовар гардида, иштирокдоронро барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихобот ва интихоби дурусти интихобкунандагон барои манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ даъват намуд.

Баъдан номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Гулбаҳор Сангилло бо интихобкунандагон шинос гардида, барои риояи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ва дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ суханронӣ намуда, барномаи пешазинтихоботии худро дастраси интихобкунандагон намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg