БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ БА ХОТИРИ РУШДУ ОБОДИИ ФАРДОИ КИШВАРАМОН МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи «Сангоба  -3»-и участкаи  интихоботии  №  25 ноҳияи  Носири  Хусрав вохӯрии  номзад  ба  вакили  Маҷлиси  вакилони  ноҳия  бо  интихобкунандагони  деҳа  баргузор гардид.

Масъулин Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  ва  номзадҳои  онро  ба  интихобкунандагон фаҳмонида,    қайд  намуданд, ки  Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  барои  пешрафти  иқтисодӣёт, иҷтимоиёт, илмию  фарҳангӣ  ва  таъмини  амнияту  субот дар  Ватани  азизамон ҳамчун  ҳуҷҷати   роҳнамо барои  расидан   ба  мақсади гузошташуда мебошад. Иштирок  дар  интихобот  ба  хотири  рушду  ободии  фардои  кишварамон  буда,  аз интихобкунадагони  ҳавза   даъват оварданд, ки барои  осоиши  наслҳои  оянда бо ҳисси  баланди  ватандӯстӣ  дар  интихобот  иштирок  намоянда ва  ба  тарафдории  номзадҳои  пешбаришуда  овози  худро  диҳанд. Дар қисмати амалии чорабинӣ бошад оид  ба  татбиқи  амалии Аксияи ҳизбии  «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  бо  пешниҳоди  интихобкунандагон  ва  дастгирии  вакили  пешбаришуда  дар  назди  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  № 9 2    синфхонаи  иловагӣ  сохта  шуда,  дар  арафаи  иди  Наврӯзи  байналмилалӣ ба  истифода  дода  мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg