БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БАРНОМАИ НОМЗАДРО БО ХУШНУДӢ ПАЗИРУФТАНД

ХУРОСОН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кохи Хуросони ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ҷомї-28 Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло бо интихобкунандагон  мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия, номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи Ҷомї-28 Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло ва дигар шахсони иштирок дошта, дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва маъракаи муҳими сиёсии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ суханронӣ карда, таъкид сохтанд, ки дар рӯзи интихобот, ки дар ҷомеаи имрӯза омили пешрафту  шукуфоии  Ватан арзёбӣ гардидааст, иштирок карда, ба номзадҳои арзандаи хеш раъйи худро диҳанд.

Сипас, шахси боэътмиоди номзад дар бораи  барномаи пешазинтихоботии  номзад сухан гуфта, бо бандҳои  он сокинонро шинос намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg