БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИРОДАИ СИЁСИИ ҲАР ЯК ФАРДИ ТОҶИКИСТОН!

ВОКУНИШ. То анҷоми маъракаи таблиғотии номзадҳо барои иштирок дар интихобот ба ҳама зинаҳои вакилӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Дар ин раванд тибқи пешниҳоди рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ва бақайдгирии номзадҳо  аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ дар тамоми мамлакат тибқи талаботи қонунгузорӣ корҳои муайяне ба анҷом расида, мулоқоту вохӯриҳои намояндагону номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

    Вале, чун одат,  гурӯҳҳои иртиҷоию иғвоангези хориҷ аз мамлакат фаолиятдошта ҳамеша пайи роҳандозии камтаъсир нишон додани чорабиниҳои таблиғотӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар гардидаанд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо изҳори ақидаи аъзои ташкилоти терористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабирӣ ва Зафари Суфӣ аст, ки аз бекорӣ ва таҳаввулоти охир дар кишвар ҳазор бор мемиранду зинда мешаванд ва бо афкори ботилу туҳмату буҳтони рӯирост кору фаъолияти аҳзоби сиёсиро дар Тоҷикистон нодида мегирад. Мусаллам аст, ки ин гурӯҳи роҳгумзадаю фурӯхташуда  дар муборизаҳои сиёсӣ ноком гардиданд, зеро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ин тоифа ватанфрӯшон ҳуқуқи маънавии фаъолият дар кишварро  аз даст додаанд. Вагарна дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ рафти баргузории маъракаҳои тарғиботӣ ба таври воқеӣ инъикос гардида истодааст. Танҳо инсони ноқису бехирад наметавонад рафти баргузории чорабиниҳои доиргардидаро мавриди назар қарор диҳад.

   Гилаи Шарофиддин Гадоев, Муҳиддин Кабири ва Зафари Суфӣ дар барномаи сохтаашон зери унвони “Бояд гуфт” ва таҳти мавзӯи “Аз инқилоб то интихоботҳои электронӣ” шояд аз фаъолияти тарғиботии дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, ки содиқона дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи гузоришу матлабҳои ин шахси манфурро танг сохтаанд. Воқеан, мардуми Тоҷикистон ба хубӣ дарк кардаанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди давлатсозию  миллатсозӣ чӣ нақш дораду азхудрафтагони наҳзатӣ “чӣ хизмате” барои ин сарзамин анҷом додаанд. Моҳтобро бо домон пӯшида намешавад. Сиёсати мардумӣ ва давлатсозӣ дар пояҳои  арзишҳои фарҳангию миллӣ ҳама вақт дастболост ва аз ҷониби омма дастгирӣ меёбад.

   Он таҳлиле, ки гӯё дар интихоботи соли 2015 ҳизби терорристии наҳзати ислом 60 дарсади раъйи мардумро ба даст оварда буд, ин ҳама дур аз воқеият ва бепоя аст, ва инро танҳо дастгоҳи идеологии наҳзатӣ медонаду халос! Агар сиёсати шумо воқеъбинонаю мардумӣ мешуд, бешак омма аз пуштатон мерафт, вале чуноне ҳама медонанд гурӯҳи наҳзатӣ ҳамчун имрӯз аз хориҷа идора мешуд. Дастгоҳи идеологии наҳзатӣ ахборро ба таври мустақим аз дигар кишварҳои дӯст ва тавассути 10-15 нафари  гулу гумроҳ дар Тоҷикистон амалӣ сохтан мехост. Имрӯз, ки иродаи сиёсии мардум болосту аҳли наҳзатро қабул надорад, аз дур тарафи ҳамватанони худ бо тамасхуру кинаву надомат садо баланд мекунанд!

   Ҳама медонанд, ки тарафдорону ҳаводорони наҳзатӣ фақат як марому мақсад - баргаштан ба фазои сиёсии Тоҷикистонро доранд. Вале мусаллам аст, ки ин хоҳиши онҳо иҷронашуданист. Зеро ҳама бахшиданҳою ҳамкориҳо  доираи идеологии наҳзатиро мадҳушу сарҳуш кард. Кор то ҷойе расид, ки  худро шоҳу табъшон вазирро мемонад.

    Имрӯз мардум хубро аз бад ба хубӣ фарқ мекунанд. Медонанд, ки роҳи мақсуд кадом асту фитнаву нобуд кадом!

    Чун ҳизби наҳзати ислом сиёсати духураю ифротӣ дошт, аз ҷониби мардум пазируфта нашуд! Ин гилагузории пойдарҳаво ва норозигӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату миллат обрӯи рехтаи шумою ҳаводоронатонро дуюмбора баргардонида наметавонад!

    Мо мутмаинем, ки интихобот дар Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ҳуқуқӣ доир мегардад ва сокинони баору номуси Ватан дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ сарбаландона иштирок ва ба тарафдории ҳизбҳо ва номзадҳои арзанда раъй хоҳанд дод. Зеро интихобот иродаи олии сиёсии тамоми мардуми Тоҷикистон аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзиши олӣ доштани қонунгузорӣ, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, эътимоду боварӣ доранд!

 

Т.Назарзода-Раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg