
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ангурбоғ» ва «Озодии Меҳнат»-и Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сухан гуфтанд.