БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲИЗБ ДАР МАҲАЛ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориён”-и Ҷамоати деҳоти Чубек вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат  оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ карда, зикр намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар  ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст, зеро рушди саноат барои таъмини устувори иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои корӣ баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Инчунин, дар идома дар бораи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ карда шуда,  иброз дошта шуд, ки ҲХДТ манфиатҳои кишварро болотар аз ҳама гуна манфиатҳо дониста, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд арҷ гузошта, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи инсонро эҳтиром мекунад. Дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҳар шахс ба меҳнат,  интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg