
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати фаҳмонидани моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориёнои ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Дӯстӣ, Ҳаёти нав ва Малик Гиёев вохӯрӣ баргузор шуд.
Масъулин вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии миллат мусоидат намояд.