БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИНТИХОБОТИ ДАРПЕШИСТОДА БО ОМОДАГИИ КОМИЛ ВОРИД МЕГАРДЕМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба баррасии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Сариосёб” вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки дар рафти яке аз суханронии хеш Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Дар кишвари соҳибистиқлоли мо саломатии мардум боигарии давлат ва ҷузъи таркибии ҳадафҳои стратегии он дониста шудааст». Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 800 муассисаи тиббӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохта, таъмиру барқарор гардид ва бо дастгоҳҳои муосири замонавӣ ҷиҳозонида шуд.

Дар ҳамин аснод аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки  ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ  бетараф набуда, барои интихоби номзади арзандаи хеш  саҳмгузорӣ намоянд. Иштирокчиён  низ дар  қисмати анҷоми мулоқот ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg