БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИРОАИ ПАЁМ БАРОИ БЕҲБУД БАХШИДАНИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои  ибтидоии "Пайванд" ва  "Кумаки иҷтимоӣ дар хона" маҷлиси ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки кормандони масъули ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҷлис зикр намуданд, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои муҳим, ки мавриди таҳлил қарор гирифт, ин ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат буд. Дар Паём Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “Давлат барои таъмини устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пайваста силсила тадбирҳоро амалӣ менамояд ва масъалаи мазкур ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат ва давлат қарор дорад. Инчунин, музди меҳнати кормандони мақомот ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар 6 соли охир афзоиш ёфтааст”.

Дар идомаи суҳбат раиси ташкилоти ибтидоии ба сухан баромада, таъкид намуд, ки барои боз ҳам  беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирон  аз якуми сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, 15% фоиз зиёд карда мешавад. Дар охир иштирокдорон ба сухан баромада, гуфтанд, ки Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат барои  ҳамаи қишрҳои ҷомеа манфиатнок буда, барномаи кории ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg