БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗОДИВУ СОҲИБИХТИЁРӢ ОРЗУИ ДЕРИНАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Иттифоқ», «Сафедоб» ва «Ҳаёти нав» вохӯриву суҳбатҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат,  маъракаи сиёсии дар пешистода, яъне интихоботи  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқ  ба анҷом расонида шуд.  Дар рафти вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ба сокинон фаҳмонида шуд.

Зимни суханронӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия ишора ба ҷавонон намуда, қайд кард, ки ҷавонон нерӯи созандаи Ватан мебошанд ва ояндаи давлату миллат дар дасти онҳо буда,  мебояд, дар ин маъракаи сиёсӣ, ки санаи 1-уми марти соли 2020 баргузор мегардад,  бо як дили гарм ва бо нияти нек барои ояндаи худ иштирок намоянду ба номзади арзандаи худ дар фазои демократӣ овоз диҳанд. Албатта, иштирок дар интихобот вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон ба шумор меравад ва инро низ худи мардум дарк кардаанд. Шукргузорӣ аз сулҳу якпорчагии кишвари маҳбубамон менамоем, ки имрӯз Тоҷикистонро тамоми кишварҳои дунё мешиносаду эътироф менамояд.

Дар симои иштирокчиён ин нукта низ мушоҳида мешуд, ки ҳар яки онҳо шукри ободию озодии диёри биҳиштосоро мекарданду барои ояндаи дурахшони худ ва фарзандони худ демократия, яъне озодиву соҳибихтиёриро орзу мекарданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg