БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Холмурод Муродов» вохӯрӣ баргузор карданд.       

 Аз ҷумла зикр гашт, ки Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” роҳандозӣ шудааст. Самтҳои Барнома мухтасар миёни ҳозирин ва иштирокчиёни вохӯрӣ шарҳ дода шуд.

Дар вохӯрӣ таъкид шуд, ки мо аъзои ҲХДТ дар таблиғу ташвиқи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вазифадорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg