БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАРРИФИИ БАРНОМАИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.     Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон» вохӯрӣ баргузор карданд. Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳи тарғиботӣ  низ иштирок доштанд.

Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд.

Дар суҳбат иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллӣ, амсоли соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg