БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНИ НЕРУИ ТАВОНО ВА ИҚТИДОРИ ВОҚЕИИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МЕБОШАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Сари Ҷангал»-и ноҳияи Панҷ хониши сиёсӣ баргузор шуд. Намояндагони Кумитиаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни суханронӣ оид ба муҳтавои  Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуданд. Таъкиди Роҳбари давлатро ёдовар шуданд: “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумат боқӣ мемонад”. 

Вобаста ба ин лозим аст, ки дар рушди инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб созем, аз неруи созандаи ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоиши терроризму экстремизм васеъ истифода барем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg