БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ТАТБИҚКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии  “Навбаҳор”, “Норин”, “Чорсӯ”, “Я.Барот”, “Бӯстон” ва “Шаҳром” -и ноҳия хониши сиёсӣ баргузор карда, дар он Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизб дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки дар Паём Пешвои миллат дар бораи паёмадҳои манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ сухан гуфта, таъкид намуданд, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро баланд бардорем. Сипас, дар суҳбат зикр шуд, ки мо сокинон дар доираи “Соли шинохти манфиатҳои миллӣ” барои ободу зебо намудани деҳаю маҳалла ва манзили зистамон вазифадорем ва дар татбиқ он ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан талош меварзем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg